Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳов: "нодида гирифтани салафиҳо хиёнат аст"


Вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, нодида гирифтани ҷараёни Салафия дар ин кишвар “хиёнат” ба миллат ва гуноҳи нобахшиданӣ мебуд. Муҳаммадназар Солеҳов имрӯз ба хабарнигорон гуфт, афзоиши фаъолияти пайравони Салафия, аз ҳоло дар миёни мардуми баъзе аз маҳаллҳои Тоҷикистон сабаби тафриқа шудааст ва мавориди муноқишаи волидону фарзандон ва аҳолии як маҳал дар заминаи ақидаҳои мазҳабӣ ба чашм мерасанд. Муҳаммадназар Солеҳов гуфт, вазорати умури дохилаи Тоҷикистон алҳол фаъолияти ҷараёни Салафияро меомӯзад ва барои бар асоси қонун мамнӯъ кардани ин ҷараёни чораҳо меандешад. Пешвоёни салафиҳо, ки як ҷараёни сахтгиронаи Ислом аст, пайравони худ дар Тоҷикистонро тақрибан 20 ҳазор нафар мегӯянд. Рӯҳониён ва мақомоти расмии Тоҷикистон, ки аксарияти мардумаш пайрави мазҳаби Ҳанафия мебошанд, аз афзоиши пайравони Салафия дар кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG