Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи пурсарусадои Туркия шурӯъ шуд


Як додгоҳи Туркия имрӯз муҳокимаи парвандаи 86 нафарро шурӯъ кард, ки ба талош барои сарнагун кардани ҳукумати решаҳои исломидоштаи ин кишвар муттаҳам мешаванд. Додситонҳои Туркия ин афродро ба тарҳрезии сӯиқасдҳо, бомбгузорӣ ва барангехтани бесарусомониҳои сиёсӣ, сарнагун кардани Ҳизби Адолат ва Тавсиъа ва табаддулоти низомӣ муттаҳам мекунанд. Дар миёни муттаҳамон, афсарони собиқи артиши Туркия, чеҳраҳои сиёсии дунявӣ ва гурӯҳи миллатгаро ва пинҳонкори Эргенекон ҳастанд. Муҳокима, ки дар ҳошияи шаҳри Истанбул дар зиндони Силиврӣ баргузор мешавад ва зоҳиран моҳҳо идома хоҳад кард. Нахустин муҳокима низ имрӯз муттавақиф шуд, зеро ба гуфтаи додрасҳо, толори пуродам имкони муҳокимаи муносибро намедиҳад.

XS
SM
MD
LG