Мақомоти Осетияи Ҷанубӣ тарафи Гурҷистонро дар нақзи оташбас айбдор карданд. Вазири умури дохилии ин минтақаи ҷудоихоҳ, Михаил Миндсаев мегӯяд, дидбонҳои Осетияи Ҷанубӣ аз самти як рустои гурҷӣ тирборон шуданд. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Гурҷистон ҳодисаи тирандозӣ дар ин маҳалро тасдиқ кард, аммо онро кори дасти сарбозони сармасти Русия номид.