Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба бонкҳои бемор кӯмак мекунад


Normal 0

Порлумони Олмон рӯзи ҷумъа барномаи 650 миллиард долларии кӯмак ба муассисаҳои бемори молии ин кишварро тасвиб кард. Барномаи мазкур, ки рӯзи душанбе Ангела Меркел садри аъзами Олмон муаррифӣ намуд, як бахши иқдомоти ҳамоҳангшудаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои ба эътидол овардани вазъи низоми молӣ мебошад. Аксарияти вакилони палатаи поёнии порлумони Олмон ба тарафдории барнома раъй додаанд ва палатаи болоӣ низ онро бо кулли оро тасвиб кардааст. Хонум Меркел гуфт, барномаи наҷоти молӣ намегузорад, то иқтисоди Олмон аз бӯҳрон зиёни бештар бинад. Интизор меравад, суръати рушди иқтисоди Олмон, ки бузургтарин иқтисоди Аврупост соли оянда аз имсол дида кундтар шавад.

XS
SM
MD
LG