Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои истеҳкоми Толибони Покистон


Ходимони амниятии Покистон мегӯянд, як мушаки эҳтимолан амрикоӣ ба минтақаи покистонии воқеъ дар назди марз бо Афғонистон исобат кард. Як мансабдори амниятӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, мушак ба хонае дар минтақаи Ҷануби Вазиристон, ки истеҳкоми Толибони Покистон ба шумор меравад, бархӯрд. Дар ин ҳамла камаш як кас ба ҳалокат расидааст. На низомиёни Покистон ва на ситоди эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон ҳамларо тасдиқ ва ё такзиб накардаанд. Ҳафтаҳои ахир бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои фаромарзии ҷангҷӯён ба Афғонистон ИМА якчанд ҳамла болои ҳадафҳо дар Покистонро раҳандозӣ намуд.
XS
SM
MD
LG