Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев пирӯз шуд


Натоиҷи аввалияи интихоботи Озарбойҷон ҳокӣ аз он аст, ки раисҷумҳури феълӣ Илҳом Алиев ин курсиро барои 5 соли дигар ҳифз мекунад.

Кумиссиюни интихоботи Озарбойҷон бар асоси шумориши 70 дарсади раъйҳо гуфт, дар интихоботи президентии рӯзи 15 октябр Илҳом Алиев 89 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Мизони мушорикати мардум дар интихобот ҳудуди 77 фоиз баровард шудааст.

Шаш ташаккули умдаи мухолифини озарӣ интихоботро таҳрим карда, гуфтаанд, ки маҳдуд будани демократия ва озодии матбуот ширкати онҳоро дар ин маърака беҳуда мекунад.

XS
SM
MD
LG