Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон президент интихоб мекунад


Рӯзи 15-уми октябр раъйдиҳандагони озарӣ президенти нави ин кишварро интихоб мекунанд, вале барои аксарият ҷои шубҳа нест, ки раҳбари кунунии Озарбойҷон Илҳом Алиев бори дигар президент пазируфта хоҳад шуд.

Дар интихоботи 15-уми октябр президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо шаш довталаби дигар сабқат мекунад, вале ба қавли аксари коршиносон ягона таҳдид ба Алиев ширкати эҳтимолан заифи раъйдиҳандагон хоҳад буд.

Эътилофи гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат аз ширкат дар интихобот худдорӣ кардааст, зеро ба гуфти мухолифин маърака озоду одилона сурат нахоҳад гирифт.

Ҳизби ҳокими «Йени Озарбойҷон» (Озарбойҷони нав) ин иттиҳомро рад мекунад, вале дар кӯчаҳои пойтахт - шаҳри Боку эҳсос мешавад, ки мардум ба интихобот зиёд таваҷҷӯҳ надоранд. Як сокини пойтахти Озарбойҷон мегӯяд: "Ҳама медонанд, ки президенти оянда Илҳом Алиев хоҳад буд. Алиев дар сари қудрат аст ва барканор намудани ӯ душвор хоҳад буд."

Тибқи қонуни асосии Озарбойҷон сарфи назар аз миқдори ширкаткунандагон натиҷаи интихобот эътироф мешавад. Аммо, ба ҳар сурат, ширкати заифи раъйдиҳандагон шаръияти раисҷумҳурро зери суол хоҳад гузошт.

Мақомоти Озарбойҷон шиорҳову лавҳаҳои зиёде овехта, раъйдиҳандагонро ба овоздиҳӣ ташвиқ мекунанд.

Илҳом Алиев дар соли 2005-ум ба ҷои падараш Ҳайдар Алиев раисҷумҳур интихоб шудааст. Як раҳгузар дар шаҳри Боку, ки аз Алиев номзадии пуштибонӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Шояд президенти ояндаи мо Илҳом Алиев шавад. Касе аз ӯ бештар имкони пирӯзӣ надорад. мухолифин имкони пирӯзӣ надоранд. Илҳом Алиев барои мост. Ба мо каси дигар лозим нест."

Эътилофи асосии мухолифин бо номи "Озодлик" интихоботро бойкот мекунад. Ба гуфти ин эътилоф, қонунҳои интихоботӣ ба нафъи ҳизби ҳокими «Йени Озарбойҷон» таҳия шудаанд.

Ташвиши дигари мухолифин маъракаи тарғиби номзадҳо мебошад, ки аслан аз як моҳ ҳам кӯтоҳтар буд ва дар чунин муддат номзадҳо имкони муаррифии худ ва барномаҳояшонро надоштанд. Ҳамчунон, мухолифини ҳукумат таъкид мекунанд, ки ҳукумат шароит барои муколамаи онҳову раъйдиҳандагонро маҳдуд кардааст ва расонаҳои давлативу хусусӣ ба ваҷҳи умум аз номзадии Алиев пуштибонӣ мекунанд. Як сокини Боку ба ин фикр мувофиқ аст, ки мухолифин аз назари мардум дур мондаанд: "Бале, номзадҳо тариқи телевизион тарғибот доранд ва дар ҳақиқат тарғиботи президент Илҳом Алиев ба қадри кофӣ бештар аст.»

XS
SM
MD
LG