Normal 0
Раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеелик гуфтааст, барномаҳои наҷоти ниҳодҳои молӣ дар шароити бӯҳрони кунунӣ набояд монеъи барномаҳои наҷоти мардум, ба вижа дар кишварҳои фақиртарини дунё шавад. Зеелик, ки дар Вошингтон дар арафаи нишасти муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул сӯҳбат мекард, гуфт, ба дӯши мардуми фақир бар замми болоравии нархи ғизо ва маводи сӯхт акнун мушкили севвум – бӯҳрони молӣ бор шудааст.
Роберт Зеелик гуфт, дар паҳнои шӯравии собиқ Бонки ҷаҳонӣ бештар рӯи кишварҳои фақиртарини он қаламрав, пеш аз ҳама, Тоҷикистон ва Қирғизистон фикр мекунад.