Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи нави Амрико дар мавриди ҳамла ба Азизобод


Normal 0

Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, дар асари ҳамлаи ҳавоии рӯзи 22 август дар рустои Азизободи вилояти Ҳирот 33 нафари ғайринизомӣ кушта шудаанд. Амрико ибтидо ҳалокати танҳо аз 5 то 7 нафари ғайринизомиро дар он ҳамлаи ҳавоияш эътироф карда буд. Он ҳамлаи ҳавоӣ як паноҳгоҳи эҳтимолии ҷангиёни толибро ба ҳадаф дошт.

Мақомоти давлати Афғонистон ва СММ шумори кушташудагон дар он ҳамларо беш аз 90 нафар шумурда, аз нирӯҳои Амрико таҳқиқи қазияро тақозо карданд.
XS
SM
MD
LG