Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи қонунмандии истиқлолияти Косово


Маҷмаи кулли СММ имрӯз дархости Сербистонро роҷеъ ба ташкили муҳокимаи додгоҳие барои баррасии қонунмандии берун шудани Косово аз ҳайати ин кишвар пазируфт. Ин маънои онро дорад, ки додгоҳи байналмилалии Ҳейг дар тӯли як то ду соли оянда ин масъаларо муҳокима хоҳад кард. Белград мегӯяд, ки талош барои муҳокимаи ин масъала дар додгоҳи байналмилалии бетараф барои коҳиши таниш дар атрофи масъалаи Косово мусоидат хоҳад кард. Аммо тарафдорони истиқлолияти Косово мегӯянд, ки таҳаввулоти ахир метавонад суръати ҳамоиши Приштинаро бо ҷомеаи байналмилалӣ суст кунад.
XS
SM
MD
LG