Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти башиддати нархҳо дар бозорҳои ҷаҳон


Normal 0

Қимати саҳмияҳо дар бозорҳои ҷаҳон дирӯз башиддат пойин рафт. Дар Ню-Йорк, шохиси Дow Jones, умдатарин нишондиҳандаи бозорҳои молии Амрико, барои нахустин бор дар 4 соли охир аз ҳадди 10 000 нуқта пойин шуд.

ДАХ, шохиси аслии бозори бурси Олмон 7 дарсад коҳиш ёфт. Ба иллати уфти башиддат фурӯши саҳмияҳо дар бозорҳои бурс дар Русия ва Бразилия пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд.

Евро, воҳиди пули 15 кишвари Аврупо, дар муқобили доллар ба сатҳи барои 13 моҳи охир бесобиқа пойин рафт ва акнун 1 евро 1 доллару 35 сент арзиш дорад.

Нархи нафт низ дар пасманзари нигарониҳо дар бораи рукуди иқтисод хеле пойин рафт ва дирӯз нархи як бушкаи нафти хом аз 90 доллар камтар шуд.


XS
SM
MD
LG