Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар қароргоҳи русҳо дар Осетияи Ҷанубӣ


Мақомоти Осетияи Ҷанубӣ гуфтанд, ки рӯзи ҷумъа як мошини ҳомили бомба дар наздикии қароргоҳи низомиёни рус мунфаҷир шуд ва дар натиҷа шаш нафарро кушта ва чаҳор касро захмӣ бар ҷой гузошт. Дафтари матбуотии маъмурияти ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ гуфт, ки мошини мазкур дар як деҳаи гурҷитабори Осетияи Ҷанубӣ баъди ошкоршавии аслиҳа дар дохили он мусодира шуд. Баъдан он дар наздикии сохмоне таркид, ки аз ҷониби нирӯҳои посдори сулҳи Русия истифода мешуд. Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, ки кулли қурбониҳои ин ҳодиса сарбозони рус буданд. Вазорати дифои Русия машғуши таҳқиқи ҳодиса мебошад.
XS
SM
MD
LG