Раисиҷумҳури ҷадиди Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сарвазири Бритониё Гордон Браун дар Лондон масоили амниятӣ ва мубориза бо террорро баҳс кардааст. Бино ба хабарҳо, интизор мерафт, дар ин гуфтугӯ танишҳои ахири байни Исломободу Вошингтон бар сари амалиётҳои фаромарзии нирӯҳои Амрико дар минтақаҳои қабиланишини Покистон низ баррасӣ шавад. Зардорӣ бо як сафари хусусӣ дар Бритониё ба сар мебарад ва қарор аст, ки бо вазири хориҷаи Бритониё Дейвид Милибанд низ мулоқот кунад.