Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттихози миллиардҳо $ ба хотири муқобила бо бӯҳрон


Бонки Марказии Аврупо рӯзи сешанбе ба хотири муқобила ба асароти расвоии “Lehman Brothers” 70 миллиард евро, ё худ наздики 100 миллиард доллар, ҷудо кард. Ин дар ҳолест, ки Бонки Аврупо рӯзи душанбе бо ҳамин мақсад алакай 30 миллиард евро иттихоз дода буд.Бо чунин ҳадаф, Бонки Инглистон рӯзи сешанбе боз 20 миллиард паунт, муодили 36 миллиард доллар, ва Бонки Ҷопон беш аз 14 миллиард доллар ҷудо кардаанд.Бонки федеролии Амрико низ рӯзи душанбе ба хотири таскин додани бозорҳо, 70 миллиард долларро ба бозорҳои бурс фурӯ рехт, ки суръати уфти қурби долларро кунд кард, вале натавонист пеши роҳи уфти қимати саҳомро бигирад.
XS
SM
MD
LG