Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузинаи Амрико ва 11-уми сентябр


Нависандаи шӯравии Гурҷистон, Нодар Думбадзе, бо дидани рушди бесобиқаи Иёлоти Муттаҳида дар охири солҳои 70-уми садаи гузашта, хитоб карда буд, "бозист, Амрико!"

Хотираҳои ӯ аз сафари Амрико дар китобе зери ин унвон нашр шуда буд. Он вақт Амрико бознаистод, аммо рӯзи 11-уми сентябри соли 2008, дар ҳафтумин солгарди ҳамлаҳои террористӣ Амрико бозмеистад. Барои чанд лаҳза ва ба гиромидошти хотираи 3 ҳазор нафаре ки дар ду манори Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат, дашти Пенсилваниё ва бинои Пентагон кушта шуданд.

Шабакаҳои телевизионӣ аз нав наворҳои ҳафт сол пешро ба гардиш меоранд ва аз нав мардум шоҳиди бархӯрди ду ҳавопаймо ба биноҳои осмонрас, фурӯафтии манорҳо, сарозер фитодани одамон, фиғони занон ва фирори раҳгузарон дар зери чангу ғубори биноҳои фурӯпошида мешаванд.

Ду номзади интихоботи президентии Амрико, сенатори Аризона Ҷон Маккейн ва сенатори Иллинойс, Барак Обама низ аз шамшерзаниҳои лафзӣ бозмеистанд ва дар расми сӯгворӣ на рӯбарӯ, балки паҳлу ба паҳлу қарор мегиранд.

Ҳаводиси 11 сентябр на танҳо ба авзоъи ҷаҳон таъсири амиқ доштанд, балки худи Амрикоро низ ба андеша водор карданд, ки оё нақши хешро дар олам бознигарӣ кунад ва ё ба усули сиёсӣ ва иқтисодияш дар 50 соли охир садоқати маҳкамтар нишон диҳад.

Ба ақидаи ду коршиноси сиёсӣ, ки радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсӯҳбат шуд, ин ҳаводис ва ҷанги Ироқ, ки аз он бархост, на танҳо сарнавишти президентии Буш, махсусан даври дувуми раёсати ӯро муайян кард, балки то ин авохир, меҳвари сабқати номзадҳои президентӣ аз ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳи Амрико буд.

Роберт Шпитзер, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи давлатии Ню Йорк бар ин аст, ки бӯҳрони марбут ба воми маскан, нархи нафт ва шебуфарозҳои шадиди бозори пул таваҷҷӯҳро аз Ироқ ва ҷанг бо терроризм ба иқтисодиёт кӯчонд.

Профессор Шпитзер мегӯяд, коҳиши қурбониён ва кам шудани даргириҳо дар Ироқ ҳамзамон бо афзоиши мушкилоти иқтисодӣ дар дохили Амрико сабаб гашт, ки ояндаи иқтисодиёт ба ҷойи аввал барояд ва масъалаи Ироқ ба поинтари рӯйихат фурояд."

Петрик Башам, мудири бунёдгузори Пажӯҳишгоҳи Демократия дар Вошингтон розӣ нест. Вай мегӯяд, ҳам иқтисодиёт ва ҳам амнияти миллӣ дар ҳаёти имрӯзии Амрико мақоми баробар доранд.

Башам мегӯяд, кинояи кор ин аст, ки Ироқ акнун ба сурати мусбат ба ҳаёти сиёсӣ бармегардад ва намунаи он аст, ки ҷумҳурихоҳон дар тафсири ҷанбаъҳои беҳбуди вазъи Ироқ комёб будаву ҳоло метавонанд, ин нуктаро дар баҳси интихоботӣ истифода баранд.

Аммо пурсиши асосӣ ин аст, ки оё 11 сентябр пас аз рафтани Буш ва сари кор омадани Макейн ё Обама дар моҳи январи соли оянда низ дар дастури кор боқӣ хоҳад монд? Оё он низ муайянкунандаи раёсати президенти оянда хоҳад буд? Дар ин масъала ҳарду таҳлилгар, ҳам Шпритзер ва ҳам Башам ҳамфикранд ва мегӯянд, фарқ танҳо ин хоҳад буд, ки Макейн дар ин фазо худро роҳаттар ҳис хоҳад кард.

Дар ҳоле ки муносибат ба ҳодисаҳои ҳафт сол пеш дар Амрико, ба гуфти ин коршиносон бетағйир боқӣ хоҳад монд, дар ҷаҳон дар мавриди онки ин ҳаводис кори дасти кӣ будаанд, ақидаҳо аз ҳам дуртар мераванд. Ба пурсиши Бунгоҳи Афкори Ҷамъиятии Ҷаҳон дар ин бора аз 17 кишвар танҳо дар 9-тояш аксарият гуфтаанд, ки ҳамлаҳо кори дасти Ал Қоъида будаанд. 15 дарсад онҳоро кори ҳукумати Амрико, ҳафт дарсад кори исроил ва ҳафт дарсад кори гурӯҳҳои дигар хондаанд. Аз ҳар чаҳор нафар як нафар гуфтааст, ҳақиқатро намедонад.

XS
SM
MD
LG