Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди кишварҳои Осиёи марказӣ як сол баъд аз ҳамлаҳои терористии 11 сентябр



Тоҳири Сафар

"Ҳукуматҳои минтақа кӯмакҳои аз Эътилофи зиддитерор дарёфткардаашонро барои беҳбуди вазъи зиндагии мардум сарф накардаанд."

Таҳлилгари нашрияи электронии Евразиянет Алек Аппелбаум бар ин назараст, ки бо гузашти як сол аз ҳамлаҳои терористии 11 сентябр сиёсати иқтисодии кишварҳои Осиёи марказӣ тағйир наёфтааст. Ӯ мегӯяд пешбиниҳои иқтисодшиносон оид ба ин ки баъди вуруди нерӯҳои ғарбӣ ва афзоиши тавваҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Осиёи марказӣ ҳукуматҳои минтақа тиҷорат ва иқтисоди худро беҳбуд мебахшанд, амалӣ нагашт. Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар баробари кӯмакҳояш ба кишварҳои минтақа аз онҳо талаби ислоҳоти иқтисодӣ накард. Ҳукумати ин кишварҳо низ маблағҳои дарёфткардаашонро барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва вазъи зиндагии аҳолӣ равона насохтанд. Таҳлилгари Евразиянет мегӯяд Қазоқистон ва Озарбойҷон ба захоири нафту газашон умед бастаанд ва Қирғизистон ба саноати истихроҷи маъдан ва бахши кишоварзӣ. Ӯзбакистон бошад андози моли воридотиро боло бурда, табдилпазирии мушкилзои асъори миллиашро ҳамчунон нигоҳ медорад. Ин гуна сиёсатҳои пешгирифтаи кишварҳои минтақа хатари рукуду касодии иқтисодро, ки соли гузашта бар сари онҳо соя афканда буд, ба вуҷуд меорад. Ба ақидаи коршиносон ислоҳоти иқтисодии дуруст дар кишварҳои Осиёи марказӣ он вақт ба роҳ монда мешавад, ки шарикони ғарбиашон ба онҳо фишор оваранд. Баъди таъсиси Эътилофи зиддитерор Амрико иқтисоди Қазоқистонро ҳамчун иқтисоди бозаргонӣ шинохт, "вале бо вуҷуди ин ҳукумати Остона бо сиёсати нодуруст ва пуштибонӣ аз корхонаҳои камманфиати дохилӣ иқтисоди кишварро ба ақиб мебарад"- мегӯяд Ян Бреммер мушовири ширкати Евразия групп. Ҳукумати ин кишвар мегӯяд давлат бояд аз ширкатҳои дохилӣ ҳимоят кунад, то онҳо тавонанд бо маҳсулоти худ ҷои тавлидоти хориҷиро танг кунанд. "Натиҷаи ҳамин сиёсат аст - мегӯяд коршиноси ширкати Петролиум Файнанс Компани Джулия Наней, ки фазои сармоягузори Қазоқистон дар як соли ахир бад шудааст". Иқтисоди олуда ба фасоди кишвари дигари минтақа Туркманистон ҳамчунон барои ҷомеи ҷаҳонӣ пӯшида ва ношафоф боқӣ мемонад, менависад таҳлилгари Евразиянет. Аммо Ӯзбакистон дар айёми муборизаи зиддитерор як силсила ислоҳотро дар иқтисодаш анҷом дод, аз ҷумла андоз аз фаъолияти соҳибкориро поин бурд, ки Фион Хилл коршиноси пажуҳишгоҳи Брукинг онро омили умедворкунанда мехонад. Президент Каримов ҳамчунин бозори пахтаро озодтар сохт ва барои тавсиъаи соҳибкории хурду миёна иқдом кард. Аммо якравии ӯ дар самти боло бурдани андози молҳои воридотӣ ва табдилпазирии мушкили асъори миллӣ мавзӯи латифаҳо дар Ӯзбакистон шудааст. Ин сиёсати Каримов ба навиштаи Евразиянет монеъи воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба бозорҳои дохилӣ шуда ва эътирози соҳибкоронро бармеангезад. Ин ҳолат дар навбати худ мӯҷиби тарси сармоягузорони хориҷӣ мешавад. Шароити фирори сармоягузорони хориҷӣ аз минтақаро ҳукумати Қирғизистон низ фароҳам кардааст. Тазоҳуроти ноҳияи Ақсӣ, кушта шудани панҷ нафар эътирозгар ва намоишҳои нави мухолифин, фоҷиа дар кони тилли Қумтор боиси он шуданд, ки Бунёди байналмилалии асъор нишондодҳои рушди иқтисоди ин кишварро поин бурд. Омили дигаре, ки воридоти сармояро ба ин кишвар монеъ мешавад, сиёсати табъизомези Аскар Оқоев аст, ки норизоиятии аҳолии бекорро афзуда, боиси тақвияти нерӯҳои мухолиф шудааст. Ба гуфтаи муаллифи мақола дар як соли гузашта дар иқтисоди Тоҷикистон пешравӣ ба назар расидааст. Ҳарчанд дар моҳи феврал Бунёди байналмилалии асъор ҳукуматро барои гузориши нодурусти иқтисодиаш танқид кард, аммо Андерс Аслунд намояндаи Бунёди Карнегӣ талошҳои ҳукуматро ҷиҳати бозгардонии қарзҳои хориҷӣ, коҳиши дефицити буҷа ва ҷилавгирӣ аз беқурбшавии пул мусбат арзёбӣ мекунад. Вале мегӯяд ӯ, инҳо иқдомҳои алоҳида ҳастанд, на як раванди шаклгирифта. Таъсири паёмадҳои ҳамлаҳои терористии 11 сентябр тадриҷан ба иқтисоди кишварҳои Осиёи марказӣ меафзояд. Аммо рафти муборизаи зиддитерор пешбининашаванда аст ва таъсири он ба иқтисоди кишварҳои минтақа низ ғайриқобили тассавур мебошад, хулоса мекунад таҳлилгари Евразиянет.





XS
SM
MD
LG