Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳудуди 160 миллион доллар ба кишвари Узбакистон кӯмак мекунад



Нурмуҳаммади Холзода

Нигарониҳои давлати Буш ин аст, ки тундравҳои исломӣ, ки дигар дар Афғонистон ҷой нахоҳанд дошт, талош хоҳанд кард дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ё дар наздикиҳои он мустақар шаванд ва якҷо бо ҷунбишҳои мавҷудаи бунёдгаро дардисарҳое эҷод кунанд.

Баъд аз ду рӯзи райдиҳӣ дар Узбакистон дар авохири моҳи январ, ки аз сӯи гурӯҳҳои назорат бар вазъи ҳуқуқи башар ҳамаҷониба мавриди интиқод қарор гирифт, як мақоми баландпояи Вазорати хориҷаи Амрико аз ин кишвар боздид кард ва қавл дод, ки Амрико ҳудуди 160 миллион доллар ба ин кишвар кӯмак мекунад. Чунин равиш давраи ҷанги сардро ба ёд меорад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷустуҷӯи муттаҳид буд ва бидуни дарназардошти низоми демократӣ ё ғайридемократӣ дар он кишварҳо бо режимҳое ҳамкорӣ мекард. Он вақт ин нукта муҳим буд, ки Амрико мавзеъгирии зидди комунистӣ дошта бошад. Зоҳиру Сомалӣ ва баъзе аз кишварҳои худкомаи Амрикои Лотин он вақт аз ин қабил кишварҳо буданд. Ҳоло ҳам чунин ба назар мерасад, ки Амрико барои мубориза алайҳи терроризм аз ин шеваи интихоби муттаҳид истифода мекунад. Вале ин дафъа мешавад аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурд, ки баъд аз ҳамлаи 11-сентябр аз лиҳози ҷуғрофиёӣ аҳамият пайдо кардаанд. Дар ин маврид дар ҷои аввал Узбакистон ва сипас Тоҷикистону Қирғизистон қарор доранд, ки аз мубориза алайҳи терроризм ҷонибдорӣ мекунанд. Нигарониҳои давлати Буш ин аст, ки тундравҳои исломӣ, ки дигар дар Афғонистон ҷой нахоҳанд дошт, талош хоҳанд кард дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ё дар наздикиҳои он мустақар шаванд ва якҷо бо ҷунбишҳои мавҷудаи бунёдгаро дардисарҳое эҷод кунанд. Масъалаи дигаре, ки метавонад дар Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷӯҳи Амрико қарор бигирад, сармоягузорӣ кардани манобеъи ғании нафту газ дар кишварҳои шӯравии собиқ, ба вижа, дар Қазоқистон аст. Нирӯҳои Амрико акнун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то андозае мустақар шуданд ва коршиносони низомӣ мегӯянд ин нирӯҳо бояд бо нирӯҳои маҳаллӣ машқҳои низомии худро идома диҳанд. Вале ба гуфтаи онҳо ин нирӯҳо барои муддати тулонӣ дар минтақа боқӣ нахоҳанд монд. Зоҳиран, давлати Буш тасмим гирифтааст, ки ба ин кишварҳо кӯмакҳои дигар ироа кунад, яъне кӯмакҳои иқтисодӣ ва кӯмак барои таъмини демократӣ, зеро ин кишварҳо ҳоло нисбат ба давраи шӯравӣ нодору фақир ба назар мерасанд. Дар Осиёи Марказӣ Узбакистон барои Амрико кишвари муҳим ба назар мерасад. Доналд Рамсфелд-Вазири дифоъ ва Колин Павел- Вазири хориҷаи Амрико аз ин кишвар боздид карданд ва ба дунболи ҳодисаи 11-сентябр Амрико тақрибан ҳазор нафар низомии худро дар ҷануби Узбакистон дар назликиҳои марз бо Афғонистон мустақар кард. Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон, ки аз фурупошии шуравӣ то ҳол раҳбари ин кишвар мебошад, ҳоло эҳсос мекунад, ки Амрико барои таъмини демукросӣ дар Узбакистон чандон сахтгир нест. Бо вуҷуди ин ки Амрико нозирони худро ба райпурсии Узбакистон нафиристод, вале хонум Елизабет Ҷонс-раиси бахши Аврупо ва Осиёи вазорати хориҷаи Амрико дар ҷараёни боздидаш аз ин кишвар баъд аз ду рузи райпурсӣ як кумаки 160 милён дулорӣ ваъда кард ва гуфт мизони чунин кумакҳо дар оянда метавонад бештар аз ин бошад. Кишварҳои Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистон бо вуҷуди ин ки маводи мухаддир тавлид намекунан, вале ба унвони масири интиқоли ин мавод аз Афғонистон ба Руссия ва кишварҳои Аврупоӣ шинохта мешаванд. Давлати Буш акнун омода аст барои ҷилавгирӣ аз қочоқи ин мавод низ ба кишварҳои Осиёи марказӣ кумак кунад. Да ҳамин ҳол сиёсати хориҷии давлати Ҷорҷ Буш дар робита бо руйдодҳои Афғонистон аз суи сеннаторҳои ҷумҳурихоҳи Амрико мавриди интиқод қарор гирифтааст. Масалан, Ҷек Ҳегел-сенатори Небраска мақомоти давлати Бушро муттаҳам кардааст, ки онҳо дар гуфтугуи худ бо мутаҳидини аврупоии Амрико лаҳнеро истифода мекунанд, ки барои Амрико метавонад ақибартҳои хатарнок дар пай дошта бошад. Вай ба Ҷорҷ Буш пешниҳод кардааст, ки истифодаи истилоҳи "Меҳвари бадхоҳӣ" ё "Меҳвари аҳриманӣ"-ро ба Ирону Ироқ ва Курёи Ҷанубӣ тавзеҳ диҳад. Аммо Кохи Сафед мегӯяд, ки ин кишварҳо аслиҳаи куштори ҷамъиро такмил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG