Ҳезер Маҳер
Сент-Пол, Миннесота
Дар анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки дар Сент-Пол натиҷагирӣ шуд, инчунин номзадии муовини ӯ Сара Пейлин ҳам расман тасдиқ шуд, дар ҳоле, ки баъзе ҷузъиёти ҳаёти шахсии ӯ ҳамакнун назар ба барномаҳои интихоботии вай бештар вирди забони хабарнигорон гаштааст.
Сенатори собиқадор ва ветерани ҷанги Ветнам Ҷон Маккейн ахиран дар анҷуман номзадии ҳизби ҷумҳурихоҳро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ қабул кард. Вай ваъда дод, ки ҳамроҳ бо ёри интихоботиаш, номзади муовини раиси ҷумҳурӣ Сара Пейлин ба Вашингтон тағйирот хоҳад овард. Маккейн гуфт:
"На ман ва на волӣ Пейлин одати аҳдшиканӣ дар баробари кишварамонро надорем. Вақте мо мегӯем, ки Вашингтонро дигар мекунему ҳалли мушкилоти кишварро ба дӯши насли оянда вогузор намекунем, шумо метавонед сари ин ҳисоб кунед. Ва мо аз ин корҳо кардаем, ҳамчунон мо нирӯ, таҷриба, қазоват ва иродаи қавӣ дорем, то ки ба ваъда вафо кунем".
Номзади интихоботӣ Маккейн ваъда дод, ки ба хотири анҷоми ислоҳоти зарурӣ бо ҳарду ҳизб ҳамкорӣ хоҳад кард. Дар мавриди барномаҳо вай гуфт, ки ба фарқ аз номзади демократҳо Барак Обама вай талош хоҳад кард, ки мизони молиётро дар сатҳи поин нигоҳ дорад. Дар зери кафкӯбиҳову ҳаёҳӯи мардум вай гуфт, ки ба ҳайси президенти кишвар як барномаи миллиро роҳандозӣ мекунад, то вобастагии амрикоиҳо аз нафти хориҷӣ коҳиш ёбад. Ва ин барнома милёнҳо ҷои кор эҷод хоҳад кард, гуфт вай:
"Дӯстони амрикоии ман, вақте ман президент мешавам, мо як барномаи бесобиқаи миллиро роҳандозӣ хоҳем кард. Мо ирсоли 700 миллиард доллар маблағро ба кишварҳое, ки моро чандон дӯст намедоранд, хотима медиҳем. Мо бо ҳама мушкилот дар ҳама ҷабҳаҳо муқобила хоҳем кард. Мо дар дохили кишвар энержии бештарро тавлид хоҳем кард. Корхонаҳои бештари нирӯи ҳастаӣ бунёд хоҳем кард. Фанновариҳои ангишти покро рушд хоҳем дод. Мо истифодаи бод, об, офтоб ва гази табииро афзоиш хоҳем дод. Мо тавлиди мошинҳои дорои сӯхти мухталифу нармпазир ва электрониро ташвиқ хоҳем кард".
Роҳи Маккейн ба номзадии раёсатҷумҳурӣ печу хамҳои зиёд дошт. Дар оғози сол вай дар садри феҳрасти номзадҳо қарор гирифт, аммо мавқеи вай дар масоили муҳоҷират ва маблағгузории барномаи интихоботиаш шикофиеро дар миёни ӯву аъзои дигари ҳизб ба миён овард. Пуштибонии вай аз сиёсати президент Буш дар ҷанги Ироқ ва ирсоли сарбозони бештар ба майдони ҷанг боиси мухолифатҳои зиёди ҳамватанонаш гардид.
Дар муқоиса бо ҳизби демократ, ки ҳамагон то охир шоҳиди муборизаи шадиди миёни ду номзад - Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон буданд, мавқеи ҳизби ҷумҳурихоҳ бо номзади ягонааш Маккейн муттаҳид ва собит ба назар мерасид. Аммо пазириши номзадии Сара Пейлин, волии Аляска ба мақоми муовини раёсатҷумҳурӣ ба назар мерасад, ки аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳро ҳамакнун ба ду тақсим кардааст.
Яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳси рӯзҳои охир дар васоити ахбори умуми Амрико, ки хеле зиёд ба гӯш мерасад, ин қазияи ҳомила будани духтари муҷарради 17-солаи вай аст. Ин дар ҳолест, ки Пейлин то имрӯз худро ба ҳайси як зани муҳофизакору мазҳабӣ ва мухолиф бо таълимоти сексӣ ва суқути ҳамл муаррифӣ кардааст. Вай 44 сол дошта, модари панҷ фарзанд аст ва фарзанди навзоди ӯ гирифтори бемории Дауна мебошад.
Ва ҳамакнун, бо муайян шудани исми довталабҳои курсии раёсатҷумҳурӣ дар сангари ҷумҳурихоҳҳо, дар пешорӯи интихоботи 4 ноябр Ҷон Маккейну Сара Пэйлин бояд дар муқобили Барак Обамаю Ҷо Байден аз ҳизби демократ дар музоҳираҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.