Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Маккейн волии Аляскаро ноиби худ баргузид


Соро Пэлин 44 сол дорад ва соли 2006 ба унвони муборизи муваффақи зидди ришвахорӣ ба мақоми фармондори аёлат расидааст
Соро Пэлин 44 сол дорад ва соли 2006 ба унвони муборизи муваффақи зидди ришвахорӣ ба мақоми фармондори аёлат расидааст

Ҷон Маккейн, номзад дар сабқати президентии ИМА аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ волиии аёлати Аляска хонум Соро Пейлинро ба унвони муовини худ муаррифӣ кард.

Ҷон Маккейн ин тасмими худро ғайримунтазира дар маъракаи интихоботӣ дар шаҳри Дейтони Оҳайо эълон кард. Вай бо чунин тасмими худ таҳлилгаронро ба тааҷҷуб гузошт. Онҳо интизор буданд, ки чун анъана вай низ барои муовинати худ шахсияи пуровозаеро интихоб хоҳад кард. Аммо вай бар хилофи интизориҳо Соро Пейлин - ҷавонтарин фармондори Аляскаро муовини худ муаррифӣ кард. Пейлин 44 сол дорад ва соли 2006 ба унвони муборизи муваффақи зидди ришвахорӣ ба мақоми фармондори аёлат расид ва ҳоло сиёсати ҳизб ва умури аёлатро муваффақона мечархонад.

Маккейн ҳангоми муаррифӣ дар бораи хонум Пейлин чунин гуфт: "Вай аз ин қисматҳо нест, аз Вошингтон нест. Вале агар шумо бихоҳед бо вай ошно шавед, шумо низ мисли ман зери таассурот меравед. Вай шахси ҷиддиву содиқ аст ва барои ҳадафҳои умумӣ фидокории хос нишон медиҳад. Ин аз вижагиҳоест, ки мо имруз воқеъан дар Вошингтон ба он ниёз дорем".

Ба ҷуз аз вижагиҳои шахсӣ хонум Пейлин дар ҷиноҳи муҳофизакорони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ соҳиби эътибори хос аст ва номзад Ҷон Маккейн дар муборизаҳои интихоботӣ ба ҳимояти ин ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон ниёз дорад. Пейлин соҳиби панҷ фарзанд аст ва муборизи ошкори зидди сиқти ҷанин мебошад. Вай ҷонибдори ҳафри ҷоҳҳои нафт дар Аляска аст ва мегуяд, захоири ин минтақаи нафтхез метавонад пойбандии Амрикоро аз сухти хориҷӣ камтар кунад. Ҳамоиши Ҳизби Ҷумҳурихоҳ рӯзи душанбе баргузор мешавад ва хонум Пейлин ба унвони номзад дар канори Маккейн қарор хоҳад гирифт.

Аз сӯи дигар Борак Обама, номзади раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Демократ, муаррифии хонум Соро Пейлинро зери суол бурдааст ва гуфтааст, "имруз Маккейн шаҳрдореро муовинаш муаррифӣ кардааст, ки шаҳракаш 9 ҳазор аҳолӣ дорад ва худаш аслан собиқаи сиёсати хориҷӣ ё раёсати ҷумҳурӣ надорад". Дар ҳар сурат чунин ба назар мерасад, ки муборизаҳои интихоботӣ бо чунин ҳамлаҳои лафзӣ ба якдигар оғоз шудааст ва ҳамин тавр идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG