Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Маккейн ноиби худро таъин кард


Ҷон Маккейн ва ноиби ӯ Соро Пэлин
Ҷон Маккейн ва ноиби ӯ Соро Пэлин

Ҷон Маккейн, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раисҷумҳури ИМА, волии иёлати Аляска Соро Пэлинро ноиби ояндаи худ эълон кард.

Хонум Соро Пэлин 44-сола буда, ҷавонтарин зан-волии иёлат дар ИМА мебошад. Анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико ҳафтаи оянда дар Миннесота барпо хоҳад шуд ва дар он ҷо Ҷон Маккейн ҳамчун номзади расмии ин гурӯҳи сиёсӣ барои курсии раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ хоҳад шуд.


Ҳизби демократ сенатор Барак Обамаро номзади ин гурӯҳ барои сабқати президентии ИМА пешбарӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG