Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев хостори мавқеъи воҳиди ҳампаймонҳо шуд


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия аз кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ даъват кард, ки дар робита ба қазияи Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ аз мавқеъи воҳид кор бигиранд. Қарор аст Шӯрои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки ба он Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд, рӯзи 4 сентябр дар Маскав баргузор шавад.

Охири моҳи гузашта баъди низоъи миёни Тифлис ва Схинвалӣ, Русия истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро ба расмият шинохт. Кишварҳои ғарбӣ ин тасмимро маҳкум карданд. То ҳол ягон кишвари дигар истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро эътироф накардааст.
XS
SM
MD
LG