Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милибанд:Равобити Ғарб бо Русия бознигарӣ шавад


Вазири умури хориҷаи Бритониё Дэвид Милибанд, ки бо як сафари расмӣ дар Киев ба сар мебарад, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведевро масъули дубора шурӯъ нашудани “ҷанги сард” хонд. Ӯ гуфт, “раисиҷумҳури Русия эълом дошт, ки аз ҷанги сарди нав наметарсад. Мо оғози ҷанги нави сардро намехоҳем ва ӯ масъулияти бузурге ба зимма дорад, ки чунин ҷанг шуруъ нашавад.”

Милибанд афзуд, кишварҳои Ғарб бояд равобити худ бо Русияро таҷдиди назар кунанд. Бритониё миёни он кишварҳое буд, ки тасмими Маскав барои эътирофи расмии Осетияи Ҷануби ва Абхазистонро маҳкум намудаанд. Қаблан Милибанд ба ташкили эътилофи байналмилалӣ алайҳи "таҷовуз”-и Русия дар Гурҷистон даъват карда буд. Ӯ гуфт, ки Лондон аз истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон пуштибонӣ мекунад ва “ин ҳамаро наметавон бо як амр аз Маскав тағйир дод”.

XS
SM
MD
LG