Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико қазияи Ҳиротро таҳқиқ мекунад


Амрико мегӯяд, қазияи ҳалокати мардуми осоишта дар вилояти Ҳироти Афғонистон таҳқиқ мешавад. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, рӯзи ҷумъаи гузашта дар асари бамбборони нирӯҳои Амрико дар Ҳирот 90 нафари осоишта кушта шуданд. Рӯзи душанбе кобинаи вазирони Афғонистон хостори бозбинии созишномаҳо дар бораи ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар шуд. Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико мегӯяд, ҳадафи ҳамалоташ ҷангиёни Толибон буд ва дар он задухӯрд 30 ҷангӣ кушта шуданд.

Сухангӯи Кохи Сафед Тони Фратто гуфт, Амрико ба нигаронии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз ҳалокати афроди ғайринизомӣ шарик аст.

XS
SM
MD
LG