Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беруншавии нерӯҳои Русия аз Гурҷистон шурӯъ шуд


Нерӯҳои Русия аз мавқеъҳояшон дар хоки Гурҷистон хориҷ мешаванд. Корвони иборат аз 83 танк, мошинҳои боркаш ва тӯпхона ба самти Абхозистон ҳаракат кард. Полиси Гурҷистон мегӯяд, ки корвон аз пойгоҳи низомии Сенакӣ, воқеъ дар ғарби Гурҷистон берун шудааст.
Корвони дигари низомиёни Русия иборат аз 40 василаи низомии нақлиётӣ аз маркази Гурҷистон ба тарафи Осетияи Ҷанубӣ ҳаракат кард.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Горӣ гузориш додааст, ки нерӯҳои Русия аз ин шаҳри Гурҷистон берун шуда, озими Осетияи Ҷанубӣ гардиданд.
Русия мегӯяд, ки дар атрофи минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон камари амниятӣ ташкил намуда, нерӯҳои ҳомии сулҳашро ба он ҷо сафарбар мекунад.
Гурҷистон пешниҳоди ташкили минтақаҳои амниятиро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG