Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ба кумак ниёз дорад


Раиси муассисаи рушди байналмилалии ИМА (USAID) мегӯяд, ки ҳукумати Гурҷистон барои рафъи оқибатҳои низоъ бо Русия ба 2 миллиард доллар эҳтиёҷ дорад. Ҳенриетта Форе мудири муассисаи рушди байналмилалии ИМА гуфт, ки Гурҷистон саъй мекунад, барои эҳёи зербино ва рушди кишвар дар паи низоъ бо Русия аз 1 то 2 миллиард доллар дарёфт намояд.
Дар ин байн Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки 7,4 миллион долларро барои тақдими ёриҳои башардӯстона ба Гурҷистон тахсис додааст. 10-уми август Иттиҳодияи Аврупо барои кумак ба Гурҷистон 1,5 миллион доллар ҷудо карда буд.
XS
SM
MD
LG