Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штубб ба Тифлис меравад


Вазири умури хориҷаи Финляндия Александер Штубб имрӯз вориди Тифлис хоҳад шуд. Қарор аст, ки ӯ бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ва масъулини намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) мавзӯъи ниёзмандиҳои башарии минтақаро баррасӣ кунад. Финляндия – раҳбари феълии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мехоҳад теъдоди нозирони САҲА дар Гурҷистонро афзоиш диҳад.
Ахиран Курт Волкер, намояндаи ИМА дар НАТО ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди мустақаршавии нозирони САҲА нерӯҳои посдори сулҳи Русия бояд қаламрави Гурҷистон ва Осетияи ҷанубиро тарк намоянд.

XS
SM
MD
LG