Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдид ба таҷлили Рӯзи истиқлоли Афғонистон


Фармондеҳи баландпояи ИМА ба мақомоти Афғонистон ҳушдор додааст, ки бино бар "иттилои қобили эътимод "имрӯз дар ҷараёни таҷлили Рӯзи истиқлоли Афғонистон ҷангҷӯён ҳамлаҳо болои ҳадафҳои мулкӣ, низомӣ ва давлатиро тарҳрезӣ кардаанд. Генерал-майор Ҷефрӣ Шлессер мегӯяд, низомиёни амрикоӣ тасмим гирифтанд, мардуми афғонро аз ин таҳдид огаҳ намоянд. Ба хотири таъмини назму субот дар маросими ҷашнгирии 89-умин солгарди истиқлоли Афғонистон дар шаҳри Кобул ва атрофи он тахминан 7000 афсару сарбоз мустақар шудаанд. Афғонистон 18-уми августи соли 1919 истиқлолаш аз Британияро эълон кардааст. Моҳи апрел дар Кобул ҷангҷӯён ба тарафи паради низомӣ бо ширкати президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай оташ кушода, се нафарро ба қатл расонданд.
XS
SM
MD
LG