Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба ҳаракати нерӯҳояш дар Гурҷистон иқрор кард


Русия иқрор кард, ки нерӯҳои он, бо вуҷуди оташбас дар наздикии Горӣ ҳаракат доштаанд. Маскав қаблан ин хабарро рад мекард. Сухангӯи ҳарбии Русия гуфт, нерӯҳои он бо мақсади ғайринизомӣ кардани минтақа аслиҳа ва техникаи ҳарбии Гурҷистонро аз анборе интиқол додаанд. Мақомоти Гурҷистон гуфтанд, корвони тонку зиреҳпӯшҳо ҳангоми хуруҷ аз Горӣ ба мушоҳида расидаанд, аммо ба самти Тифлис нарафта, бозпас ба минтақаи ҷудоихоҳ баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG