Ба қавли вазорати мудофиаи Русия амалиёт дар минтақаи Сенакӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои нерӯҳои Гурҷистон болои Осетияи Ҷанубӣ: боз як минтақаи ҷудоихоҳи ин кишвар, зарур аст.
Вазорати мудофиаи Гурҷистон иброз доштааст, ки василаҳои нақлиётии зиреҳпӯши Русия ба пойгоҳи низомиёни Гурҷистон дар шаҳри Сенакӣ дохил шудаанд. Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мегӯяд, ки Русия мехоҳад ҳукумати зери раҳбарии ӯро барканор кунад. Вале президенти Русия Дмитрий Медведев саъй дорад кишварашро ҳамчун ҳомии сулҳ ҷилвагар намояд.
Мансабдорони ғарбӣ бо ҳадафи хатми бархӯрдҳои мусаллаҳона музокирот бо Русияву Гурҷистонро идома медиҳанд. Ҳар ду ҷониб исрор меварзанд, ки онҳо амалиёти низомиро тибқи қонунҳои байналмилалӣ пеш мебаранд.
Комиссияи Аврупоӣ: ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо, аз Русия даъват кард, ки фаъолиятҳои низомӣ дар хоки Гурҷистонро мутаваққиф намояд.
Вазирони корҳои хориҷии ҳафт кишвари саноатии олам аз Русия дархост намуданд, ки фавран оташбасро қабул намуда, муқовиматро хотима бахшад. Шӯрои Аврупо аз ҷонибҳои низоъ тақозо кардааст, ки ба созмонҳои хайрия имкони зиёрат аз Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро фароҳам оранд.
Дар ҳамин ҳол президенти Русия Дмитрий Медведев аснои сӯҳбат бо вакилони Думаи Давлатӣ: Маҷлиси Поёнии парламенти Русия гуфт: "Русия таърихан кафили сулҳи мардуми Қафқрз мебошад. Ин вазифа ва ӯҳдадории мост. Дар ин минтақа мо ҳеҷ гоҳ нозири ғайрифаъол набудему нахоҳем буд."
Ҳафтуми август нерӯҳои Гурҷистон ба хоки Осетияи Ҷанубӣ ҳаракат карданд, то ин минтақаи ҷудоихоҳи рӯ ба Маскавро таҳти назорати ҳукумати марказӣ қарор диҳанд. Ҳар яке аз ҷонибҳо тарафи дигарро масъули афзоиши душманӣ меноманд.
Бо ҳадафи ихроҷи непрӯҳои Гурҷистон аз Осетияи Ҷанубӣ Русия барои аввалин бор аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар берун аз марзҳояш амалиёти васеъмиқёс пеш бурд. Тибқи гузоришҳои расида сарбозони Русия шаҳри Зугдидиро, ки дар наздикии минтақаи Абхозистон ҷойгир аст, ишғол намудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон иттилоъ додааст, ки шаҳри Горӣ, воқеъ дар наздикиҳои Осетияи Ҷанубӣ мавриди оташ қарор гирифтааст. Муъовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия генерал-полковник Анатолий Ноговитсин изҳор намудааст, Русия пойбанди созиши ҳифзи сулҳи Осетияи Ҷанубӣ мебошад, ки соли 1992 миёни Русияву Гурҷистон ба имзо расида буд. "Мо берун аз салоҳият амал накардаем. Ин масъалаи аслӣ мебошад. Созише, ки соли 1992 ҳамчунон аз тарафи Гурҷистон ба имзо расида буд, масъулиятҳои воҳиди низомии Русияро возеҳ менамояд. Посдорони сулҳ фармони ишғоли хоки Гурҷистонро нагирифтаанд".
Вазири корҳои хориҷии Фаронса Бернар Кушнер аснои зиёрат аз шаҳри Горӣ гуфт: "Мутаассифона, бархӯрдҳо мисли дигар гӯшаҳои олам ба мардуми осоишта зарар расондаанд. Ин бадбахтист ва мо наметавонем онро пуштибонӣ кунем. Аз ин рӯ , мо на танҳо ин бархӯрдҳопро маҳкум мекунем, балки ҳамчунон саъй дорем, то онро хотима бахшем. Ин ҳадафи сафари ман ва раиси даврии САҲА Александро Стуб мебошад".
Рӯзи душанбе Кушнер бо сабаҳои амниятӣ маҷбур шуд, зимёрат аз бемористони шаҳри Гориро мутаваққиф намуда, ба ҷои амн интиқол ёбад.
Рахмат ба президентони ду кишвар. Ин ду халки дустро касе чудо карда наметавонад. Онхо садсолахо бо хам зистанду урфу одати ягона доранд. Ислом Каримов барои сардии байни ду халки бародар андохтааш дар таърих садсолахо бо "некй" ёд хохад шуд!!!
Чуба аку сурати Чаноби Рустама монден да ича е мехохен гуенд ки карза Чаноби Рустам дар оянда месупора... Чаноби Рустама мехохонд беобру кунанд баьзехо аммо хамиро Фаромуш накунед ки ин шахсият натанхо сиесат шинос балки ободкор хам аст президент шавад бовар кунед аз падараш хам ободкортару ихтироькортар аст Аллох дар дили ин одам хамаи хубихоро гузоштааст нигох кунед ин ободии шахрро ин навгонихоро ин ихтироькориро натанхо Чаноби Рустам карзхоро меканад балки бо хости Аллох чунон Точикистонро ободтару бойтар месозад, балки Чинро карздор хам месозад.
Душанбе
Агар бар хамаи хамин занхо чойи кор ташкил кунанд онхо хеч гох ба ин рохи фасод намераванд онхо аз мачбури ин корро мекунанд баъзе онхо шавхарошон вафот кардаги аст ва баъзе онхо аз шавхарошон чудо шудаги астанд,бинобар хамин хуб мешуд ки дар конуни ЧТ. Дузанагиро ичозат медоданд то ки ин бевазанхо дар кади куча намемонданд хастанд нафароне ки имконияти дузанагиро доранд.
Ҳар рӯз қонун таҳия кардан даркор нест ҷои кора таҳия кардан даркор мӯҳтарам вакилони дар хоби гарон рафта