Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳаввулоти охирин дар Осетияи Ҷанубӣ


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мегӯяд, шаҳри Схинвалӣ, ҳоло комилан таҳти назорати нерӯҳои тавсеъаёфтаи посдори сулҳи Русия қарор дорад.

Ба гуфтаи муъовини раҳбари ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия генерал Анатолий Ноговитсин, нерӯҳои Русия амалиёти худро фаротар аз Осетияи Ҷанубӣ нахоҳанд бурд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Гурҷистон Русияро дар таҷовуз ба хоки кишвари худ муттаҳам мекунанд ва хабар медиҳанд, ки ҳавопаймоҳои низомии Русия рӯзи душанбе ҳамлаҳои ҳавоии худ ба марказҳои иртиботӣ дар бахшҳои гуногуни Гурҷистон, аз ҷумла атрофи пойтахти ин кишварро идома додаанд. Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон гуфтааст, Русия мехоҳад, ҳукумати ӯро иваз намуда ва роҳҳои интиқоли энержӣ дар Қафқозро таҳти назорат дароварад. Михаил Саакашвилӣ аз паймони НАТО ва Созмони Милал тақозо кард, ба гуфтаи вай, ба “таҷовузи Русия” хотима диҳанд.

Дабири кулли НАТО Яаап Де Ҳоп Схеффер имрӯз Русияро барои “истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ва эҳтиром накардани тамоми арзии Гурҷистон” маҳкум кард.

Дар робита ба вазъ вазири умури хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер ба хотири миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъ миёни Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ бегоҳи дирӯз вориди Тифлис шуд. Фаронса алҳол раёсати Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад. Гуфта мешавад, ки Кушнер бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили музокирот анҷом хоҳад дод. Имрӯз Бернар Кушнер қарор аст вориди Маскав шавад ва бӯҳрон дар Осетияи Ҷанубиро бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баррасӣ кунад.


Ҳамзамон бино ба гузоришҳо, ҷанги нерӯҳои Русия ва Гурҷистон дар дохил ва атрофи минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ имрӯз низ идома кард. Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон мегӯяд, “сипоҳи” беш аз 50 ҳавопаймоҳои ҷангии Русия, ҳамлаҳои тозае дар қаламрави Гурҷистон анҷом доданд. Ба гуфтаи вазорат, пойтахт - шаҳри Тифлис ва ҳамчунин рустои Коҷорӣ дар кӯҳи Махата бомборон шудааст.

Комиссиюни Аврупо эълом дошт, Иттиҳодияи Аврупо барои ниёзмандиҳои фаврии мардуми осоишта, ки бар асари низоъ дар Осетияи ҷанубӣ зарар дидаанд, як миллион евро тахсис додааст. Дар эъломияи Комиссиюни Аврупо омадааст, ки ин маблағ барои кумаки оҷили тиббӣ, оби пок, маводи озуқа ва бунёди паноҳгоҳҳои муваққат сарф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG