Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: "Амалиёт хотима меёбад"


Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мегӯяд, амалиёти низомии кишвараш дар Осетияи Ҷанубӣ ба поёни худ наздик шудааст. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Дмитрий Медведев навиштааст, шаҳри Схинвалӣ, пойтахти ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон ҳоло комилан таҳти назорати нерӯҳои тавсиаёфтаи посдори сулҳи Русия қарор дорад. Генерал Анатолий Ноговитсин - муовини раҳбари ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар шаҳри Маскав ба хабарнигорон гуфт, нерӯҳои кишвараш амалиёти худро фаротар аз Осетияи Ҷанубӣ нахоҳанд бурд. Дар шаҳри Тифлис Михайил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури Гурҷистон гуфт, Русия мехоҳад, ҳукумати ӯро иваз намуда ва роҳҳои интиқоли энержӣ дар Қафқозро таҳти назорат дароварад.

XS
SM
MD
LG