Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сарбози Олмон дар Бағлон захмӣ шуданд


Дар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар улусволии Бағлон Марказии вилояти Бағлони Афғонистон 3 сарбози олмонӣ захмӣ шудаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, аз номи ин ҳаракат масъулияти ин ҳамлаи маргталабонаро баро ӯҳда гирифта, гуфтааст, шумори воқеъии талафот бештар аз он чист, ки эълон кардаанд.

Олмон феълан дар Афғонистон тақрибан 3500 сарбоз дорад, ки дар ҳайъати ISAF, нирӯҳои беш аз 50 000-нафарии байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон амал мекунанд. Фармондеҳии ISAF-ро паймони низомии НАТО бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG