Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати кӯмаки байнулмилалӣ ба Покистон


Тафтиши асноди муҳоҷирон дар Покистон ба дунболи афзоиши нооромиҳо дар водии Сувот.
Тафтиши асноди муҳоҷирон дар Покистон ба дунболи афзоиши нооромиҳо дар водии Сувот.

Австралия ба Покистон барои тамрини нерӯҳои амниятии ин кишвар дар мубориза бо ситезаҷӯёни толиб ва Ал Қоъида мушовирони ҳарбӣ пешниҳод мекунад.

Normal 0

Вазири дифоъи Австралия Ҷоэл Фитзбон имрӯз даъват кард, ки ба артиши Покистон дар масъалаҳои таъмини он бо силоҳ ва омӯзониши амалиёти зидди ошӯбгарон ба нерӯҳои вижаи он кӯмаки байнулмилалӣ зарур аст. Вай ҳушдор дод, ки Покистон ба манбаъи ситезаҷӯёни мазҳабӣ табдил меёбад, ки ба Афғонистон таҳдид мекунанд.

Австралия дар Афғонистон зиёда аз ҳазор сарбоз дорад.

Даъвати Австралия дар ҳоле садо медиҳад, ки Кобулу Исломобод дар робита ба ҳамлаи ситезаҷӯён ва посухи нерӯҳои байнулмилал дар ду тарафи марзи муштарак вориди баҳсҳои шадид шудаанд.

Ҳамчунин тибқи як хабари дигар имрӯз ҳарбиёни покистонӣ дар водии Сувоти ин кишвар беш аз 20 ситезаҷӯро ба ҳалокат расондаанд. Даргирӣ замоне иттифоқ афтод, ки ситезаҷӯён дар ҳамла ба посгоҳи Сарбанда се низомии покистониро кушта, 30 нафари дигарро рабудаанд.

XS
SM
MD
LG