Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари нохуши Паскал Ламӣ


Паскал Ламӣ - мудири Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ эълом кард, музокирот доир ба озодсозии мубодилоти бозаргонӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Намояндагони кишварҳои ҷаҳон нӯҳ рӯз боз дар шаҳри Женеваи Швейтсария доир ба паймони нави тиҷорати ҷаҳонӣ баҳсу талош карданд. Ҳадафи ин музокирот, ки марҳилаи аввали он ҳанӯз соли 2001 оғоз шуда буд, аз байн бурдани нобаробарӣ аст, то кишварҳои дар ҳоли рушд низ аз тиҷорати озод баҳра баранд. Вале ин гуфтӯгуҳо пайваста бенатиҷа анҷом ёфтаанд, зеро кишварҳои пешрафта ва мамолики дар ҳоли рушд натавонистанд, дар заминаи шароити дастрасӣ ба бозорҳои ҳамдигар ба созиш бирасанд.

XS
SM
MD
LG