Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аризаи шикоятии вакилони Караҷич


Вакилони дифоъи Радован Караҷич - раҳбари собиқи сербҳои боснӣ, имрӯз расман аз додгоҳи болоӣ хоҳанд хост, то ки ӯро ба додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангии Ҳейг истирдод накунанд. Радован Караҷич пас аз 12 соли гурез рӯзи душанбе дар шаҳри Белград дастгир шуд ва мунтазири истирдод ба Додгоҳи Созмони Милал аст, ки ӯро ба наслкушӣ муттаҳам кардааст. Ба гуфтаи онҳо раҳбари собиқи сербҳои боснӣ шояд аввалҳои ҳафтаи оянда ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ дар шаҳри Ҳейг ва Гаага истирдод мешавад. Дар кӯшише барои ба таъхир андохтани истирдод, Светозар Вуячич - вакили дифоъи Радован Караҷич гуфтааст, ки маъмурони амниятӣ ӯро ҳафтае пеш рабуда будаанд.

XS
SM
MD
LG