Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама озими Фаронса мешавад


Барак Обама - номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико, ки рӯзи панҷашанбе дар ҳузури 200 ҳазор нафар дар шаҳри Берлин пойтахти Олмон нутқ эрод кард, имрӯз раҳсипори Фаронса мешавад. Ҳангоми суханронӣ дар Боғи Пирӯзии Берлин, Барак Обама хостори эҳёи иттиҳоди Аврупо ва Амрико шуд, то бо ҳам ба зидди зуҳуроти афзояндае ба мисли тероризм, тағйири иқлим ва нобаробарии иқтисодӣ муқобила кунанд. Номзад аз Ҳизби Демократ ҳамчунин хост, то Амрикову Аврупо ҳамроҳ дар роҳи маҳви Толибон дар Афғонистон талош намоянд ва ҳамчунин ба Эрон фишор оваранд, то ин кишвар баландпарвозиҳои атомиашро канор гузорад.

XS
SM
MD
LG