Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич мавриди бозпурсӣ қарор гирифт


Раҳбари боздоштшудаи сербҳои Боснӣ Радован Караҷич барои нахустин бор мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Ин бозпурсӣ - марҳалаи аввал дар истирдоди Караҷич ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг ё Гаага маҳсуб мешавад. Шаби гузашта мусалмонҳои Боснӣ ба хиёбонҳо рехта боздошти раҳбари собиқи сербҳои кишварро, ки дар наслкӯшӣ ва дигар ҷиноёти сангини низомӣ муттаҳам мешавад, таҷлил карданд. Аз боздошти Радован Караҷич Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун, мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг раҳбари собиқи сербҳои Босниро дар даст доштан дар куштори 12 ҳазор сокини осоиштаи шаҳри Сараево ҳангоми муҳосираи ин шаҳр ва ҳамчунин дар қатли тақрибан 8 ҳазор мусалмонҳои шаҳри Сребренитса дар соли 1995 муттаҳам медонад. Додгоҳ чандин сол боз аз мақомоти Сербия боздошт ва истирдоди Караҷичро талаб мекард. Боздошту истирдоди Караҷич ва фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младич ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг аз шартҳои аслии музокироти Иттиҳодияи Аврупо ва Сербия барои вуруди ин кишвар ба узвияти Иттиҳодия арзёбӣ мешавад. Хадамоти кашфи Сербия ба дастгир кардани Ратко Младич ҳанӯз муваффақ нашудаанд.

XS
SM
MD
LG