Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви вазъи фавқулодда дар Улан-Батор


Дар Улан-Батор, пойтахти Муғулистон вазъи фавқулодда лағв гардид. Раисиҷумҳури Муғулистон дар бораи вазъи фавқулодда дар пойтахт баъди он тасмим гирифт, ки шоми сешанбе ҷонибдорони аҳзоби мухолиф дар маркази шаҳр алайҳи натоиҷи интихоботи порлумонӣ намоиши эътирозӣ доир карданд ва он ба задухурд бо полис печид. Намоишгарон бинои ҳизби ҳукмрони Халқӣ-инқилобӣ - ҳизби пирӯз дар интихоботро ба оташ кашиданд. Бар асари задухурд бо полис 5 нафар кушта ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Баъд аз лағви вазъи фавқулодда дар Улан-Батор мақомоти Муғулистон аз мардум даъват карданд, ки ба суботу оромӣ арҷ гузоранд. Онҳо ҳамчунин изҳор намуданд, ки нерӯҳои сиёсӣ гуфтушунид ба хотири берун шудан аз вазъи феълиро идома хоҳанд дод. Аҳзоби мухолифи ҳукумат, чун пештара, ҳисобу китоби такрории баргаҳои раъӣ дар баъзе қитъаҳоро талаб дорад. Вазъи фавқулодда дар Улан-Батор чаҳор рӯз идома кард.

XS
SM
MD
LG