Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори мошини бамгузоришуда ва марги 7 нафар


Дар натиҷаи инфиҷори мошини бамгузоришуда дар шаҳраки Дулуёҳи Ироқ дастикам ҳафт нафар кушта, чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Пулис мегуяд, бештари кушташудагон афсарони пулис будаанд. Аксари сокинони Дулуёҳро дар аёлати Салоҳиддин сунниҳо ташкил медиҳанд ва он яке аз марказҳои нируҳои шуришии зидди Амрико ба шумор меравад. Шаҳри Тикрит-зодгоҳи Саддом Ҳусейн-раҳбари собиқ ва эъдомшудаи Ироқ маркази ин аёлат аст.

XS
SM
MD
LG