Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони Русия ва Иттиҳоди Аврупо


"Русия бунёди сипари мушакии Иёлоти Муттаҳида дар Аврупоро зиёновар ва хилофи манфиатҳои амниятӣ мехонад" - ин изҳороти Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия имрӯз дар як нишасти хабарӣ баъд аз анҷоми мулоқоти сарони Русия ва Иттиҳоди Аврупо дар Хантӣ-Мансийск садо дод. Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди шурӯъи музокирот оид ба таҳияи созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо ба мувофиқа расиданд. Қарор аст ин музокирот баъд аз як ҳафта, рӯзи 4 июл дар Брюссел шурӯъ шавад. Ин санад самтҳои асосии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Русияро мушаххас хоҳад кард.

Дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар Хантӣ-Мансийск ҳамчунин масоили марбут ба амнияти энерҷӣ ва вазъи иқтисоди ҷаҳон баррасӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG