Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гедмин шиканҷаи хабарнигорро шадидан маҳкум кард


Ҷефрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ дар робита ба боздошт ва латукӯби хабарнигори радио дар Туркманистон изҳороти шадидуллаҳн пахш кард. Ба гуфтаи Гедмин, хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ Сазак Дурдимуродов дар ҳоле мавриди шиканҷаи хадамоти амниятии Трукманистон қарор гирифт, ки мақомоти ин кишвар бо як ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар мавзӯъи дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфтушунид мекарданд.

Гуфта мешавад, ки Сазак Дурдимуродов чанд рӯз пеш дар манзили зисташ дар шаҳри Баҳарден боздошт шуда буд. Кормандони хадамоти амниятӣ ӯро барои сарпечияш аз талаби қатъи ҳамкорӣ бо Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор доданд.

XS
SM
MD
LG