Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане дар Бақубаи Ироқ худро мунфаҷир кард ва 16 нафарро кушт


Бар асари таркише ки як зани худкуш дар маркази Бақуба, 60-километрии шимоли Бағдод ба амал овард, камаш 16 нафар кушта ва 40 тан захмӣ шудаанд. Ин ҳамла дар наздикии бинои додгоҳи Бақуба ба вуқӯъ пайваст ва як манбаъ мегӯяд, ҳадафи ҳамлавари маргталаб, дидбонҳои сайёри полис буданд. Дертар ошкор шудааст, ки ҳашт нафар аз кушташудагон дарвоқеъ кормандони полис будаанд.
XS
SM
MD
LG