Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба НАТО бармегардад


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса изҳор намуд, ки кишвараш дар ояндаи наздик шояд ба созмони низомии НАТО баргардад. Фаронса ин Паймонро соли 1966 тарк гуфта буд. Саркозӣ афзуд, ки баъди бозгашт ба НАТО ҳам нерӯҳои ҳастаии кишвар таҳти назорати Порис боқӣ хоҳанд монд.

Фаронса узви НАТОст ва дар бархе аз амалиёти он ширкат мекунад ва аммо нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ба сохтори ягонаи ҳайати фармондеҳии НАТО шомил нестанд.

XS
SM
MD
LG