Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Созмони Милал ва Русия рӯи Косово


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун дар номае ба сарони Косово хабар дод, ки ният дорад, сохтори намояндагии Созмони Милал дар Косоворо ба хотири ҷалби Иттиҳоди Аврупо ба вазифаҳои калидӣ тағйир диҳад. Аммо Русия ба ин тарҳи Бан мухолифат карда, мегӯяд, сохтори намояндагии Созмони Милал дар Косово танҳо бо қарори Шӯрои амнияти созмон метавонад тағйир дода шавад.
XS
SM
MD
LG