Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА изҳори таассуф кард


Вазорати хориҷаи ИМА изҳори таассуф кардааст, ки бар асари ҳамлаи мушакии нирӯҳои амрикойӣ дар дохили хоки Покистон, ки алайҳи ҷангиёни шӯришӣ равона шуда буд, сарбозони нирӯҳои эътилофии ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Гонзало Галлегос, сухангӯи вазорати хориҷа гуфт, ки ин як ҳодисаи таассуфангез аст ва ҳоло низомиёни покистониву амрикойӣ роҳҳои ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна мавридҳоро баррасӣ доранд. Покистон мегӯяд, ки 11 сарбози артиши ин кишвар дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG