Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: "Кӯмакҳои Афғонистон муассир нест"


Як гурӯҳи мустақили таҳқиқотӣ мегӯяд, ки миллиардҳо доллар кӯмаки билоиваз ба Афғонистон ба таври муассир масраф нашудааст. Дар гузориши нави созмони Integrity Watch Afghanistan (IWA) гуфта мешавад, ки аз ҳар 100 доллари сарфшуда, танҳо 20 доллараш ба як ниёзманди афғонии ин кӯмакҳо дастрас шудааст. Гузориш мегӯяд, ки 30 дар сади маблағҳои имдодии Афғонистон барои таъмини амнияти созмонҳои кӯмакрасон масраф шуда, дар айни замон, ин ташкилот барои кормандони маҳаллӣ ҷои кори ночиз пешниҳод кардаанд. Ин гузориш дар пешорӯи баргузории нишасти донорҳои Афғонистон дар Париж ба нашр расид.
XS
SM
MD
LG