Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди қонуни афви моликияти хусусӣ


Хабаргузории расмии Ховар навиштааст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон бо хоҳиши раиси ҷумҳурӣ замони афви амволи аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаро то 1 январи соли 2009 тамдид намудааст. Зимнан парлумон Қонун «Дар бораи афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон барои қонунигардонии моликият»-ро соли 2007 ба тасвиб расонида буд. Дар асоси ин қонун мӯҳлати расмигардонии моликияти ғайриқонунӣ аз 1 январи соли 2007 то 1 июни соли ҷорӣ пешбинӣ шуда буд. Сомона навиштааст, ки қаблан ин қонун бо ҳадафи муайян намудани соҳибони воқеии амволи аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омада қабул шудааст. Гуфта мешавад, дар мӯҳлати пешбинишуда на ҳама шаҳрвандон имконият пайдо кардаанд, ки моликияташонро қонунӣ гардонанд. Аз ин рӯ мақомот бар тамдиди мӯҳлати иҷрои он иқдом кардаанд.

XS
SM
MD
LG