Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо


Рӯзи шанбе мусобиқа барои Ҷоми футболи Аврупо дар соли 2008-ум бо ҳунарнамоии дастаи мунтахаби Швейтсария бо Ҷумҳурии Чех ва Португалия бо Туркия дар шаҳрҳои Базел ва Женеваи Швейтсария ва якшанбеи 8-уми июн бо ҳунарнамоии мунтахаби футболи Австрия бар зидди Хорватия ва Олмон бар муқобили Полша ё худ Лаҳистон дар шаҳрҳои Вена ва Клагенфурти Австрия оғоз меёбад.
16 дастаи мунтахаби кишварҳои аврупоӣ дар давоми се ҳафтаи оянда дар ҳашт майдони варзишии Австрия ва Швейтсария 31 қуваозмоӣ барпо мекунанд. Ин 13-умин Ҷоми Аврупост, ки қаҳрамони он дар бозии ниҳоӣ 29-уми июн дар варзишгоҳи Вена муайян хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG