Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австралия ҷанг дар Афғонистонро арзёбӣ мекунад


Раиси нерӯи дифоии Австралия мегӯяд, ки эҳтимол ҷанг дар Афғонистон даҳ соли дигар идома ёбад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе маршали бузурги ҳавоӣ Ангус Ҳюстон дар нишасти вакилони кумитаи Маҷлиси қонунгузори Австралия иттилоъ дод. Дар ин байн вазири мудофиаи ин кишвар Ҷоэл Фитсгиббон иброз доштааст, ки барои пешбурди амалиёт дар Афғонистон камаш даҳ ҳазор сарбози хориҷӣ лозим аст, вале кишварҳои аврупоӣ ба ирсоли нерӯҳои иловагӣ ҳозир нестанд. Феълан 70000 сарбози ИМА ва кишварҳои узви паймони НАТО ба артиши афғон дар муқобили толибон кумак мерасонанд.
XS
SM
MD
LG