Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Обама - номзади интихоботии демократҳо


Дар пайи панҷ моҳи муборизаҳо, чунин ба назар мерасад, ки сенатори демократ Барак Обама ба унвони номзади воҳиди ҳизбаш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ноил шудааст. Расонаҳои амрикойӣ мегӯянд, ки Обама ба ҳамаи 2118 раъйи зарурӣ даст ёфт. Рақиби вай Ҳиллари Клинтон зимни суханронӣ дар баробари тарафдоронаш дар Ню-Йорк пирӯзии Обамаро табрик гуфт, аммо ҳанӯз аз эътирофи мағлубияташ худдорӣ мекунад. Тибқи гузоришҳо, вай изҳори омодагӣ кардааст, ки дар канори Обама ба ҳайси номзади курсии муовини раиси ҷумҳурӣ дар интихоботи моҳи ноябр қарор бигирад. Дар раъйдиҳии гузашта Клинтон дар аёлати Дакотаи Ҷанубӣ ва Обама дар Монтана пирӯзӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG